Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

⚡️СПАД барои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таҷҳизоти низомӣ мефиристад Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) қарор дорад тирамоҳи соли равон барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба Душанбе силоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ интиқол диҳад. Дар ин бора Таалатбек Масадиқов, дабири кулли СПАД, ба хабаргузории русии ТАСС гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар асоси барномаи байнидавлатие, ки кишварҳои узви СПАД ба мувофиқа расидаанд, рӯйхати навъҳои силоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон муайян шудааст. Аммо ӯ нагуфтааст, ки ин таҷҳизот аз чӣ иборат буда, миқдори он чӣ қадар аст. «Кишварҳо дар бораи рӯйхати силоҳҳои марговар ва ғайримарговар, ки ба Тоҷикистон дода мешаванд, ба мувофиқа расиданд. Ман боварӣ дорам, ки тирамоҳи имсол интиқоли аввалин оғоз мешавад», — гуфтааст дабири кулли СПАД. Ба таъкиди Масадиқов, амнияти марз на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои узви созмон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. «Агар, Худо накарда, дар он ҷо чизе рӯй диҳад, ин на танҳо мушкили Тоҷикистон, балки мушкили ҳамаи кишварҳои узви созмон, инчунин дигар давлатҳои узви ИДМ хоҳад буд», — шарҳ додааст ӯ. Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли равон дабири кулли СПАД бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, аз чанд дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон боздид карда буд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threa

Views over time

05010028 Aug 10:1313 Nov 11:169228 Aug 10:13: 0 views13 Nov 11:16: 92 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
28 Aug 2026, 10:130
13 Nov 2026, 11:1692

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.