Маҳдудияти ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар Душанбе то 11 сентябр тамдид шуд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркашро дар роҳҳои пойтахт то 11 сентябри соли 2026 тамдид кард. Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, ҳангоми беш аз 25 дараҷа гарм будани ҳаво ҳаракати мошинҳои боркаше, ки вазнашон аз 6 тонна зиёд аст, аз соати 10:00 то 19:00 маҳдуд мешавад. Маҳдудияти мазкур аз 1 июн ҷорӣ шуда, қаблан қарор буд то 31 август амал кунад. Шаҳрдорӣ сабаби тамдиди онро таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, нигоҳдории ҳолати роҳҳо ва омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гуфтааст. Аз соҳибони воситаҳои нақлиёти боркаш хоҳиш шудааст, ки талаботи маҳдудиятро то 11 сентябр риоя кунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 9 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 28 Aug 2026, 05:22 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 92 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.