Барои 900 ҳолати қаллобӣ нисбати сокини Душанбе парванда боз шуд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Оятулло Гиляев, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе, хабар дод. Ба иттилои ВКД, Раёсати тафтишоти вазорат нисбати ӯ барои 931 ҳолати эҳтимолии қаллобӣ тибқи моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ба гуфтаи мақомот, Гиляев бо истифода аз тафсири ояту ҳадис дар миёни шаҳрвандоне, ки нияти адои ҳаҷҷи умра доштанд, мавъиза мекард. Гуфта мешавад, ӯ ҳамроҳ бо шариконаш худро намояндаи як ширкат дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ карда, шаҳрвандонеро, ки нияти зиёрати Каъбаро доштанд, фиреб додааст. «Тафтишот муайян кардааст, ки Оятулло Гиляев дар 931 ҳолати ҷинояти қаллобӣ даст дошта, ба шаҳрвандон наздики 4 миллион сомонӣ зарари махсусан калони молӣ расонидааст», — гуфта мешавад дар гузориши ВКД. Худи гумонбар дар навори нашркардаи ВКД гуфтааст, ки аз афроде, ки ҳамроҳаш кор мекарданд, қарздор шудааст ва маблағҳои аз шаҳрвандон барои зиёрати Каъба гирифташударо барои пардохти қарзҳояш сарф кардааст. Маълум нест, ки ин навор таҳти чӣ шароит сабт шудааст. ВКД мегӯяд, Гиляев дар Арабистони Саудӣ боздошт шуда, ба Тоҷикистон оварда шудааст. Тибқи иттилои вазорат, тафтиши парванда идома дорад. Оятулло Гиляев соли 2018 бо чанд аъзои дигари «Гурӯҳи 24»* ба Тоҷикистон баргашт ва ба гуфтаи мақомот, тибқи қонунгузорӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд. *Фаъолияти «Гурӯҳи 24» бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар кишвар мамнуъ аст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 9 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 28 Aug 2026, 05:04 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 92 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.