Амрико баррасии визаҳои муҳоҷиратиро боздошт Ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп баррасии баъзе визаҳои муҳоҷиратиро муваққатан боздошт. Сухан дар бораи раводидҳои муҳоҷиратӣ барои пайвастан ба хешу табори наздик меравад. Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА гуфт, додани чунин визаҳо пас аз он аз сар гирифта мешавад, ки ҳамаи кормандони консулгарии Амрико аз омӯзишҳои махсус гузаранд. Аммо муҳлати анҷоми ин омӯзишҳо эълон нашудааст. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, ҳадаф аз омӯзишҳо такмили шеваҳои баррасӣ ва таҳқиқи ҳар як дархости муҳоҷират мебошад. Ҳукумати Трамп мехоҳад дар бораи ҳар як довталаби муҳоҷират маълумоти кофӣ ва ҳамаҷониба ба даст орад ва мутмаин шавад, ки ӯ дар оянда ба кӯмаки молии ҳукумати ИМА мӯҳтоҷ намешавад. Доналд Трамп мегӯяд, ин чораҳо ба таҳкими амнияти дохилии кишвар равона шудаанд. Пештар рӯзномаи Financial Times хабар дода буд, ки баъзе довталабоне, ки кайҳо барои мусоҳиба даъватнома гирифта буданд, аз ба таъхир афтодани мулоқоташон огоҳинома дарёфт карданд. Ба онҳо гуфта шудааст, ки санаи нави мусоҳиба дертар муайян мешавад. Ҳафтаи равон Департаменти давлатӣ ҳамчунин эълон кард, ки тақрибан 200 ҳазор визаи шаҳрвандони хориҷиро бекор мекунад. Ба гуфтаи мақомот, ин афрод бо визаҳои сайёҳӣ ё тиҷоратӣ вориди Иёлоти Муттаҳида шуда, баъдан дархости паноҳандагӣ пешниҳод кардаанд. Бино ба гузориши Reuters, маъмурияти Трамп сиёсати муҳоҷиратро сахттар карда, маъракаи густурдаи ихроҷи муҳоҷиронро пеш мебарад. Аз ҷумла, мақомот метавонанд дархост барои гирифтани «корти сабз» ё раводидро бо сабабҳои гуногун рад ё бекор кунанд. Аз ҷумла, Департаменти давлатӣ рӯзи 22 август нақшаи қатъи додани визаҳои муҳоҷиратӣ ба шаҳрвандони 75 кишварро эълон кард. Аммо баъдан додгоҳи Амрико ин иқдомро ғайриқонунӣ донист ва онро боздошт. Додрас гуфтааст, ки чунин қарор аз доираи салоҳияти Департаменти давлатӣ берун буда, мақоми мазкур аз ҳадди ваколатҳои худ гузаштааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 9 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 28 Aug 2026, 04:28 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 90 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.