🇹🇯🇰🇿 Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Тоҷикистон бо имзои се ёддошти тафоҳум анҷом ёфт Аз 25 то 27-уми август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Дар доираи он табибони ду кишвар мулоқоту вохӯриҳо, семинарҳо, мастер-классҳо, машғулиятҳои амалӣ ва амалиётҳои муштарак баргузор карданд. Маросими ҷамъбастии чорабинӣ имрӯз, 27-уми август, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо баргузории форуми «Тоҷикистон-Қазоқистон: ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, технологияҳо ва кадрҳо» доир гардид. Дар форум масъалаҳои рушди тандурустӣ, технологияҳои муосир, инноватсия, ҷарроҳии баландтехнологӣ, омодасозии кадрҳо ва табодули таҷриба баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, имкониятҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ташхису табобат муаррифӣ гардиданд. Дар анҷоми форум миёни муассисаҳои соҳавии Тоҷикистон ва Қазоқистон се ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар давоми се рӯз мутахассисони қазоқ дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ табодули таҷриба намуда, дар бахшҳои саратоншиносӣ, кардиология, травматология, педиатрия, акушерӣ ва гинекология, оториноларингология ва дигар самтҳо семинару машғулиятҳои амалӣ ва амалиётҳои намоишӣ баргузор карданд. Дар марказҳои тиббии кишвар, аз ҷумла дар самти ҷарроҳии баландтехнологӣ, табибони ду кишвар як қатор амалиётҳои муосирро анҷом дода, таҷрибаи худро ба ҳамдигар пешниҳод намуданд. Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, баргузории ин чорабинӣ барои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани малакаи мутахассисон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат замина фароҳам меорад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 9 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 27 Aug 2026, 13:18 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 121 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.