Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар Душанбе дастур доданд, ки автобусу троллейбусҳо ҳар рӯз шуста шаванд Муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода сатҳи хидматрасонӣ, инчунин вазъи техникӣ ва беҳдоштии нақлиёти мусофирбари пойтахтро санҷидааст. Ба роҳбарони корхонаҳои нақлиётӣ дастур дода шудааст, ки автобусу троллейбусҳоро ҳамарӯза ҳам аз дохил ва ҳам аз берун шуста ва тоза кунанд. Тавре «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар медиҳад, зимни санҷиш инчунин фаъолияти мониторҳои иттилоотӣ, камераҳои назоратӣ ва ҳолати умумии нақлиёти мусофирбар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Раҳмиддин Саломзода аз ронандагон хостааст, ки бо мусофирон хушмуомила буда, қоидаҳои муоширатро риоя кунанд. Ба масъулон инчунин супориш дода шудааст, ки фаъолияти ронандагон, сифати хидматрасонӣ ва фарҳанги муошират дар хатсайрҳо пайваста назорат шуда, камбудиҳои ошкоршуда сари вақт бартараф карда шаванд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010027 Aug 09:4813 Nov 11:169227 Aug 09:48: 0 views13 Nov 11:16: 92 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
27 Aug 2026, 09:480
13 Nov 2026, 11:1692

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.