Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

🎓 Сафорати Тоҷикистон аз пешниҳоди қалбакии таҳсил дар Малайзия ҳушдор дод Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия аз шаҳрвандоне, ки қасди таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишварро доранд, хостааст, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии ширкатҳо ва миёнаравҳо эҳтиёткор бошанд. Ба иттилои сафорат, вақтҳои охир шахсони алоҳида ва ширкатҳое бештар шудаанд, ки барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия ва гирифтани раводиди таҳсилӣ хизматрасонии миёнаравӣ пешниҳод мекунанд. Сафорат махсусан аз шаҳрвандон хостааст, ки ба ваъдаҳои қабули кафолатнок ба донишгоҳ, таҳсили ройгон, гирифтани раводиди таҳсилӣ баъди ворид шудан ба Малайзия ва дигар имтиёзҳои ғайриоддӣ бовар накунанд. Пеш аз супоридани ҳуҷҷатҳо ё пардохти маблағ тавсия шудааст, ки маълумоти пешниҳодшуда аз манбаъҳои расмӣ санҷида шавад. Аз ҷумла, мақоми донишгоҳ, барномаи таҳсил, шартҳои қабул ва пардохт, инчунин фаъолияти қонунии ширкат ё миёнарав бояд муайян карда шавад. Сафорат ҳамчунин ҳушдор додааст, ки шаҳрвандон шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои шахсӣ ё маблағҳои худро ба шахсони ношинос, ширкатҳои тасдиқнашуда ва миёнаравҳои беэътимод насупоранд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010027 Aug 08:1613 Nov 11:1610527 Aug 08:16: 0 views13 Nov 11:16: 105 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
27 Aug 2026, 08:160
13 Nov 2026, 11:16105

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.