Шавкат Мирзиёев ба Доналд Трамп ду айвони суннатии узбекӣ тақдим кард Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба президенти ИМА Доналд Трамп ду айвони суннатии узбекӣ тақдим кардааст. Дар ин бора Kun.uz бо истинод ба The New York Times хабар медиҳад. Конструксияҳои чӯбин аллакай ба Вашингтон интиқол дода шудаанд. Қарор аст онҳо дар қисми ғарбии "Парки Потомак" дар доираи лоиҳаи Боғи миллии қаҳрамонони Амрико насб карда шаванд. Сафири Ӯзбекистон дар ИМА Фурқат Сиддиқов низ супоридани ин тӯҳфаро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, айвонҳо як қисми маҷмааи ёдбуд хоҳанд шуд ва рамзи муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва ИМА мебошанд. Тибқи аксҳои нашршуда, дар дохили ин конструксияҳо насби чароғҳои ороишӣ қандилҳо низ пешбинӣ шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads