Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Бонки миллӣ овозаҳо дар бораи тағйири намуди пулҳои коғазиро рад кард Бонки миллии Тоҷикистон хабарҳоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд ва гӯё тасвири Абуалӣ ибни Сино дар рӯйи пулҳои коғазии 200 сомонӣ ҷой дода мешавад, рад кард. Ба иттилои Бонки миллӣ, барои тағйир додани намуди пулҳои миллии коғазӣ ва ҷойгир кардани тасвири Ибни Сино дар рӯйи пулҳои 200 ва 20 сомонӣ ҳеҷ коре анҷом дода нашудааст. Ҳамчунин, дар ин робита ягон қарор қабул нашудааст. Овозаҳо дар бораи тағйири намуди пулҳои коғазӣ тайи рӯзҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар канали телеграмии «Голоси Ирон» паҳн шуданд. Бонки миллӣ аз шаҳрвандон ва расонаҳо хостааст, ки чунин маълумотро аз манбаъҳои расмӣ санҷида, хабарҳои тасдиқнашударо паҳн накунанд. Ҳоло тасвири Абуалӣ ибни Сино дар рӯйи пули коғазии 20 сомонӣ ҷойгир шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510027 Aug 04:5813 Nov 11:168927 Aug 04:58: 0 views13 Nov 11:16: 89 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
27 Aug 2026, 04:580
13 Nov 2026, 11:1689

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.