Мӯйҳои ранга, “пирсинг”, шимҳои васеъ, ороишоти ғайриоддӣ - дар Душанбе кофист, ки каме аз аксарият фарқ дошта бошед, то шуморо «нефор» ном баранд. Барои худи ҷавонон бошад, ин калима аксаран маънои таҳқиромезро надорад. Бархе оромона худро ҳамин тавр меноманд ва баъзеҳо онро ҳатто ҳамчун таъриф қабул мекунанд. Мушкил замоне оғоз мешавад, ки ҳамроҳ бо намуди ғайриоддӣ ба инсон худ аз худ ақидаҳои муайян, рафтор ё хислатҳои ахлоқӣ нисбат дода мешаванд. Писарон метавонанд барои намуди зоҳирии «аз ҳад занона» таҳқир шаванд, духтаронро барои мӯйҳои ранга ва “пирсинг” маҳкум мекунанд. Худи намуди ғайриоддӣ бошад, баъзан ҳамчун нишонаи пайравӣ ба фарҳанги бегона қабул мешавад. Аммо дар асл хоҳиши ҷавонон барои дигаргун намудан чӣ аст ва чаро имкони худифодакунӣ барои онҳо аз он чизе, ки калонсолон тасаввур мекунанд, муҳимтар аст? https://your.tj/tj/nefor-o-i-dushanbe-charo-namudi-zo-irii-ajriodd-nabojad-pajrav-az-far-angi-begona-donista-shavad/