Наврӯза Эратова дар ҶСК «Ангишт», кони «Шӯроб»-и шаҳри Исфара ба ҳайси машинисти борбардори № 1 кор мекунад. Шояд ба назари аввал ин «кори мардона» намояд, аммо Наврӯза собит сохт, ки ҳар бону машинисти хуб шуда метавонад. Ӯ дар давоми 3 рӯз идора кардани дастгоҳе, ки барои поён ва боло баровардани кормандони зеризаминии кон, интиқоли молу маводи зарурӣ хизмат мекунад, омӯхт. Ҳоло вай дар ин кон ягона бонуест, ки сари фармон (руль) – и мошинаи борбардор мешинад. Шояд кори ин бону ба назари дигарон танҳо пахши чанд тугма ва идораи фармони мулоим тобад, лекин барои Наврӯза ҳар қадами корӣ масъулияти калонеро мемонад. Муаллифи Your.tj бо Наврӯза Эратова дар бораи махсусияти кор дар кони ангишт, нозукиҳои идора карда тавонистани мошинаҳои борбардор, ҳангоми кор омӯхтани забони чинӣ, нодурустии ба ҷинсият ҷудо кардани касб ва муҳимияти дастгирии ҳар бону дар фаъолияти касбӣ ҳамсуҳбат шуд. https://your.tj/tj/dar-sari-chanbaraki-moshinai-koni-sh-rob-issai-avonzane-ki-mashinisti-1-shud/