Дар Душанбе маркази омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷ ифтитоҳ шуд Дар Душанбе маркази омодасозии шаҳрвандон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар ин марказ шаҳрвандоне, ки нияти ба хориҷ барои кор рафтан доранд, метавонанд машварат гиранд, забон омӯзанд ва бо қонунгузорӣ, фарҳанг ва қоидаҳои кишварҳои қабулкунанда шинос шаванд. Марказ инчунин ба муҳоҷирони ба ватан баргашта кӯмак мерасонад. Аз ҷумла, онҳо сабти ном шуда, барои истифодаи малакаҳои дар хориҷ аз худкарда, омӯзиши касбҳои нав ва пайдо кардани ҷойи кор кумак хоҳанд гирифт. Дар марказ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират ва «хатти доғ» фаъолият карда, ба шаҳрвандон машваратҳои ҳуқуқӣ ва маълумот дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳояшон пешниҳод мекунанд. Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират, дар марказ курсҳои кӯтоҳмуддати ройгони омӯзиши касбҳои серталаб низ ташкил шудааст. Дар онҳо шаҳрвандон метавонанд касбҳои соҳаи хизматрасонӣ, дӯзандагӣ, ошпазӣ, сартарошӣ, саводи компютерӣ ва дигар ихтисосҳоро омӯзанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 10 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 26 Aug 2026, 06:35 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 98 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.