Дар Душанбе 110 кило маҳсулоти муҳлатгузаштаи ҳасибӣ ошкор шуд Агентии «Тоҷикстандарт» дар сехи истеҳсоли маҳсулоти ҳасибии «Ориёнӣ», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартиро ошкор кардааст. Ҳангоми санҷиш муайян шудааст, ки қисме аз маҳсулот бо риоя накардани талаботи санитарӣ нигоҳ дошта шуда, сифати худро гум кардааст. Муҳлати истеъмоли баъзе маҳсулот низ гузашта будааст. Аз сех 110 кило маҳсулоти ғайриқобили истифода гирифта шуда, барои несту нобудсозӣ равона гардидааст. Ҳамчунин, аз маҳсулоти истеҳсолшаванда намунаҳо гирифта шуда, барои санҷиши сифат ва бехатарӣ ба озмоишгоҳи «Тоҷикстандарт» ирсол шудаанд. Натиҷаи санҷишҳо ҳанӯз маълум нест. Агентии «Тоҷикстандарт» аз истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон даъват кардааст, ки талаботи нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти ғизоиро риоя намуда, ба бозор ворид шудани маҳсулоти муҳлатгузашта ва ғайри бехатарро пешгирӣ кунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads