Пулиси Душанбе аз паҳн шудани файлҳои зараровар дар Telegram ҳушдор дод Пулиси шаҳри Душанбе аз мавҷи нави қаллобӣ дар паёмрасони «Telegram» хабар додааст. Ба гуфтаи мақомот, қаллобон файлҳои зараровари APK-ро зери ниқоби ҳуҷҷатҳои додгоҳӣ, аз ҷумла «даъватнома ба додгоҳ», барои корбарон мефиристанд. Пулис аз шаҳрвандон хостааст, ки чунин файлҳои шубҳанокро боз накунанд. Тибқи иттилои мақомот, кушодани файлҳои зараровар метавонад ба қаллобон имкон диҳад, ки ба маълумоти шахсӣ, паёмҳо, рамзҳо ва замимаҳои бонкии корбар дастрасӣ пайдо кунанд. Дар натиҷа, хатари аз даст рафтани маблағҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ буда низ вуҷуд дорад. Мақомоти корҳои дохилӣ ба шаҳрвандон тавсия додаанд: 🔺 файлҳои фиристодаи шахсони ношиносро боз накунанд; 🔺 дурустии маълумотро аз манбаъҳои расмӣ санҷанд; 🔺 барномаҳоро танҳо аз манбаъҳои боэътимод насб кунанд. Пулис таъкид кардааст, ки дар сурати гирифтани чунин файл онро боз накарда, паёмро ҳазф намоянд. Гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои охир баъзе корбарон аз гирифтани файлҳои дорои номи «Даъват ба додгоҳ» дар Telegram ва WhatsApp хабар медиҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо чунин паёмҳо гӯё аз ҳисоби шиносони онҳо фиристода мешаванд, ки эҳтимол аккаунташон аз ҷониби қаллобон рахна шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 10 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 25 Aug 2026, 11:20 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 101 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.