165 кас ҷоизаву унвон ва мукофоти давлатӣ гирифт 25 август дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу соҳаҳои гуногун барои дастовардҳои меҳнатӣ мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳо тақдим кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар маҷмуъ 165 нафар бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд. Дар байни онҳо намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг, тиб, истеҳсолот, хизматрасонӣ, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва дигар мутахассисон ҳастанд. Аз ҷумла, 7 нафар соҳиби унвони «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон», 10 нафар «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» ва 12 нафар «Корманди шоистаи Тоҷикистон» гардиданд. Ду нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи I, 18 нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи II, 81 нафар бо медали «Хизмати шоиста» ва ду нафар бо медали «Шафқат» сарфароз шуданд. Ба 22 нафар низ медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд. Ҳамчунин, як қатор мутахассисон, коргарон, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳое, ки дар сохтмони НБО «Роғун» саҳм доранд, қадрдонӣ гардиданд. Илова бар ин, 10 нафар ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва рӯзноманигорӣ сазовор шуданд. Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти шахсони қадршуда ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳамияти сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъкид карда, онҳоро ба истифодаи дониш, таҷриба ва малакаҳои касбӣ барои рушди кишвар даъват намуд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 10 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 25 Aug 2026, 10:13 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 104 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.