🇹🇯 Тоҷикистон дар ҳафт моҳ аз 34 кишвар ба маблағи $18 миллион кӯмаки башардӯстона гирифтааст Дар моҳҳои январ–июли соли 2026 ба Тоҷикистон аз 34 кишвари ҷаҳон ба маблағи 17,96 миллион доллар кӯмаки башардӯстона ворид шудааст. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Хадамоти гумрук хабар додааст. Ҳаҷми умумии кӯмакҳои башардӯстонаи воридшуда 6 ҳазору 195,5 тоннаро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли 2025 Тоҷикистон аз 36 кишвар 10 ҳазору 264 тонна кӯмак ба маблағи 28,96 миллион доллар гирифта буд. Ҳамин тавр, дар муқоиса бо соли гузашта арзиши кӯмакҳои башардӯстона тақрибан 38 дарсад ва ҳаҷми онҳо аз рӯи вазн 39,6 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз рӯи арзиши кӯмакҳо Русия дар ҷойи аввал қарор дорад. Аз ин кишвар 23,5 дарсад ё тақрибан 4,2 миллион доллар кӯмак ворид шудааст. Дар ҷойҳои баъдӣ ИМА — 19,3 дарсад, Чин — 11,4 дарсад, Кореяи Ҷанубӣ — 9,1 дарсад, Нидерланд — 7,7 дарсад, Белгия — 7,2 дарсад ва Ҳиндустон — 6,6 дарсад қарор доранд. Кӯмакҳои башардӯстона ҳамчунин аз Эрон, Ҷопон, Олмон, Туркия, Дания, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб, Италия, Британияи Кабир, Ӯзбекистон, Австралия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо ворид шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар ҳамин давраи соли 2025 Чин бо 37,2 дарсад аз рӯи арзиши кӯмакҳо дар ҷойи аввал қарор дошт. Саҳми Чин дар як сол беш аз се баробар коҳиш ёфта, саҳми Русия бошад, аз 5,7 дарсад то 23,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти нашршуда, омори расмӣ танҳо арзиш, вазн ва кишварҳои кӯмак ирсол намударо нишон медиҳад. Маълумоти мушаххас дар бораи навъи кӯмакҳо ва ба кадом минтақаҳо ё муассисаҳо равона шудани онҳо пешниҳод нашудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 10 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 25 Aug 2026, 09:52 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 109 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.