🚛 Тоҷикистону Эрон рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту логистикаро баррасӣ карданд Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо раиси вилояти Гулистони Эрон Алиасғар Таҳмосбӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ кардааст. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкорӣ дар ин самт ва истифодаи бештари имкониятҳои мавҷударо таъкид кардаанд. Ҳамчунин, масъалаҳои рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва ба роҳ мондани парвозҳои мунтазам миёни шаҳри Душанбе ва вилояти Гулистони Эрон муҳокима шудаанд. Вилояти Гулистон дар шимолу шарқи Эрон ҷойгир буда, аз шимол бо Туркманистон ҳамсарҳад аст. Гузаргоҳи Инче-Бурун яке аз нуқтаҳои муҳими ҳамлу нақл дар марзи ду кишвар буда, ба шабакаи роҳи оҳани Эрон пайваст мебошад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 10 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 25 Aug 2026, 06:34 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 104 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.