✈️ Дар ноҳияи Муъминобод сохтмони фурудгоҳи маҳаллӣ оғоз шуд Рӯзи 22-юми август дар ноҳияи Муъминобод барои бунёди фурудгоҳи хатсайрҳои маҳаллӣ санги асос гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. Масоҳати умумии замини ҷудошуда барои сохтмони фурудгоҳ 23 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа, дар ин ҷо бинои маъмурӣ, толори интизории мусофирон, иншооти хизматрасонӣ ва техникии зарурӣ бунёд мешаванд. Ҳамчунин, барқарорсозӣ ва навсозии хатти парвозу нишаст, роҳҳои ҳаракати ҳавопаймоҳо ва майдони таваққуфи онҳо, насби аломатгузории фурудгоҳ ва таҷҳизоти муосири таъмини парвозу алоқаи ҳавоӣ пешбинӣ шудааст. Беш аз 41 ҳазор метри мураббаъ барои роҳу роҳравҳо ва 187,5 ҳазор метри мураббаъ барои кабудизоркунӣ ҷудо шудааст. Маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ, буҷети маҳаллӣ ва дигар манбаъҳо анҷом дода мешавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 10 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 24 Aug 2026, 12:26 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 124 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.