Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 11 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

⚡️ Чор нафар барои паҳн кардани наворҳо дар бораи гум шудани духтари 12-сола ҳабс шуданд Пулиси Душанбе аз ҳабси маъмурии чор нафар дар робита ба қазияи гум шудани Фарида Мадамонзодаи 12-сола хабар дод. Ба иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, Мафтуна Абдиева, Орзу Шарипов, Бахтовар Холов ва Ҷаҳонгир Давлатёров бо қарори Додгоҳи ноҳияи Сино барои «майдаавбошӣ» ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд. Мақомот мегӯянд, онҳо ҳангоми ҷустуҷӯи Фарида раванди корҳои ҷустуҷӯиро бо телефон сабт карда, наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд. Нисбат ба се нафари дигар: Шаҳобиддин Қосимов, Фирӯз Солеҳов ва Малоҳат Саидҷаъфарова, чораҳои огоҳсозӣ андешида шуда, бо онҳо суҳбатҳои тавзеҳӣ гузаронидаанд. Фаридаи 12-сола, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе гум шуда буд, рӯзи 21 август пайдо гардид. Мавқеи афроди муҷозотшуда дар бораи ин қазия маълум нест. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010015024 Aug 06:4313 Nov 11:1612824 Aug 06:43: 0 views13 Nov 11:16: 128 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
24 Aug 2026, 06:430
13 Nov 2026, 11:16128

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.