🎭 Дар Душанбе бинои нави Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд Имрӯз, 24 август, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Театри миллии Тоҷикистонро ба истифода доданд. Ин бинои мӯҳташами театр дар маркази шаҳри Душанбе бунёд шуда, яке аз иншооти бузурги фарҳангии пойтахт ба ҳисоб меравад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads