🎬 Дар Тоҷикистон филми нав дар бораи Абуалӣ ибни Сино ба навор гирифта мешавад Дар Тоҷикистон барои нахустин бор дар солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои омодагӣ барои таҳияи филми бадеӣ дар бораи Абуалӣ ибни Сино оғоз шудааст. Коргардони филм Соҳибёр Толиб буда, ӯ дар ин бора ба «Азия-Плюс» хабар додааст. Тибқи нақша, филм бештар ба солҳои ҷавонии Абуалӣ ибни Сино, шахсият, дониш ва зиндагии ӯ дар дарбори ҳоким бахшида мешавад. Ба гуфтаи коргардон, филми нав аз рӯйдодҳои филмҳои замони шӯравӣ фарқ карда, бештар хусусияти бадеӣ хоҳад дошт. Корҳои таҳқиқотӣ ва таҳияи сенария тақрибан се моҳ боз идома дошта, ба он Шӯрои бадеӣ ва мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Яке аз масъалаҳои муҳим интихоби ҳунарпешаи нақши Абуалӣ ибни Сино хоҳад буд. Соли оянда сохтмони саҳнаҳои таърихӣ, аз ҷумла кӯчаҳо, қасрҳо ва мадрасаҳо оғоз мешавад. Ба гуфтаи Соҳибёр Толиб, тамоми раванди таҳия ва ба навор гирифтани филм метавонад аз як то ду сол идома кунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 10 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 24 Aug 2026, 04:27 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 116 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.