Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 11 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

🇹🇯 Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду шаҳрванди Афғонистон кушта шуданд Дар минтақаи марзии Фатҳободи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун миёни неруҳои марзбони Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Афғонистон даргирии мусаллаҳона рух додааст. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ду шаҳрванди Афғонистон ғайриқонунӣ аз марз убур карда, эҳтимолан ба қочоқи маводи мухаддир машғул буданд. Ба гуфтаи мақомот, кормандони сохторҳои қудратӣ аз онҳо талаб кардаанд, ки таслим шаванд, аммо онҳо муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд. Дар натиҷа ҳар ду нафар кушта шудаанд. Дар ҷойи ҳодиса як адад автомати «Калашников» ва таппончаи «Макаров» пайдо шуда, аз ду ҷузвдон 17 килограмм ҳашиш ва дигар ашё мусодира шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаҳои ҷиноятӣ бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон, қочоқ, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон оғоз шудаанд. Тафтишоти ҳодиса идома дорад. Мақомоти Афғонистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510021 Aug 09:5513 Nov 11:168821 Aug 09:55: 0 views13 Nov 11:16: 88 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
21 Aug 2026, 09:550
13 Nov 2026, 11:1688

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.