🇹🇯🏫 Дар Файзобод мактаби нав барои 2400 хонанда ба истифода дода шуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 21 август дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро ифтитоҳ кард. Муассисаи нав барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз се бинои ду ва сеошёна иборат аст. Дар он 57 синфхонаи замонавӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ, толори варзишӣ, ошхона, нуқтаи тиббӣ ва маҷлисгоҳ бо 430 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Синфхонаҳои химия, биология, физика, математика, география, компютер ва забонҳои хориҷӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин шудаанд. Сохтмони муассиса бо ҷалби беш аз 180 сокини маҳаллӣ анҷом ёфта, ҳоло дар он 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои хуб дода, омӯзгоронро ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи хонандагон ҳидоят кардааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads