Барои сохтмони НБО «Роғун» то имрӯз 60,3 миллиард сомонӣ сарф шудааст Аз соли 2008 то имрӯз барои корҳои сохтмону барқарорсозии НБО «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 миллиард сомонӣ равона шудааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин рақамро 21 август зимни мулоқот бо кормандони нерӯгоҳ баён кардааст. Ба гуфтаи ӯ, барои соли 2026 ба сохтмони «Роғун» 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, дар ҳафт моҳи аввали сол аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 миллиард сомонӣ масраф шудааст. Соли 2025 низ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои ин иншоот 8,1 миллиард сомонӣ ҷудо гардида буд. Ҳоло дар сохтмони НБО «Роғун» беш аз 20 ҳазор нафар фаъолият доранд. Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш додааст, ки барои моҳи сентябри соли 2027 ба истифода додани агрегати №4 тамоми чораҳои заруриро андешанд. Президент ҳамчунин ба масъалаи таъмини шароити муносиб барои сокинони минтақаҳои зериобшаванда таваҷҷуҳ карда, дастур додааст, ки барои ҳар як оилаи кӯчонидашуда шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда шавад. Тибқи арзёбии қаблии S&P Global Ratings, барои анҷоми пурраи сохтмони «Роғун» ба Тоҷикистон ҳудуди 5,8 миллиард доллари дигар зарур аст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 11 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 21 Aug 2026, 08:23 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 90 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.