🇺🇸 ИМА аз шаҳрвандонаш хост аз сафар ба ВМКБ худдорӣ кунанд Сафорати ИМА дар Душанбе аз афзоиши хушунатҳо дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон нигаронӣ карда, барои кормандони ҳукумати Амрико сафар ба минтақаҳои марзӣ, бахусус ВМКБ-ро муваққатан манъ кардааст. Ба шаҳрвандони ИМА низ тавсия дода шудааст, ки аз сафар ба ин минтақаҳо худдорӣ кунанд, ҳушёр бошанд ва хабарҳои маҳаллиро пайгирӣ намоянд. Ин ҳушдор пас аз даргириҳо дар вилояти Бадахшони Афғонистон садо медиҳад. Ҳафтаи гузашта бар асари тирпаронӣ аз ҷониби Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон ба ҳалокат расида буд. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро маҳкум карда, аз ҳукумати «Толибон» шарҳ талаб карданд. Ҷониби Афғонистон дар посух ин ҳодисаро кори «афроди вайронкор ва фурсатталаб» номидааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 11 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 20 Aug 2026, 13:20 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 116 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.