Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 926 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 11 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар Роғун бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бинои нави прокуратура ифтитоҳ шуд 20 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо корҳои созандагӣ ба шаҳри Роғун сафар кард. Дар ҷараёни сафар ӯ дар маркази шаҳр бинои нави Прокуратураи шаҳри Роғунро ифтитоҳ намуд. 🏢 Бинои нав дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзишӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон мебошад. Барои кормандон ҳам ҳуҷраҳои истиқоматӣ пешбинӣ шудаанд. Президенти кишвар зимни шиносоӣ бо шароити бино ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони прокуратура барои таҳкими фаъолияти корӣ, назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дастуру тавсияҳо дод. Ӯ таъкид кард, ки кормандони мақомоти прокуратура бояд вазифаҳои хизматии худро содиқона ва софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд. 📌 Бинои нави прокуратура дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02040608020 Aug 04:2613 Nov 11:166920 Aug 04:26: 0 views13 Nov 11:16: 69 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
20 Aug 2026, 04:260
13 Nov 2026, 11:1669

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.