🇹🇯🇮🇷 Тоҷикистон барои воридоти 2,55 миллион тонна маводи сӯхт аз Эрон музокира мекунад Тоҷикистон барои таъмини бозори дохилӣ аз Эрон 2,55 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ дархост кардааст. Ин масъала дар мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқ баррасӣ шудааст. 📌 Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҳаҷми дархостшуда аз ҷумла чунин аст: 🔹 2 миллион тонна — нафти хом; 🔹 150 ҳазор тонна — бензин; 🔹 300 ҳазор тонна — сӯзишвории дизелӣ; 🔹 100 ҳазор тонна — сӯзишвории ҳавопаймоӣ. 🚆 Барои интиқоли ин ҳаҷми маҳсулоти нафтӣ тақрибан 51 ҳазор вагон-систерна зарур хоҳад буд. Дар ин замина, ҷониби Тоҷикистон аз Эрон хостааст барои ташкили қатораи махсуси боркаш, иборат аз вагонҳои систернадор, мусоидат кунад. Ҳамчунин Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои вагонҳои интиқолдиҳандаи сӯзишворӣ ҳангоми ҳаракат дар шабакаи роҳи оҳани Эрон низоми махсус ва «долони сабз» ташкил карда шавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 12 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 19 Aug 2026, 12:49 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 104 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.