Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 926 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 12 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

📌 Дар 35 соли истиқлол истеҳсоли гӯшт се баробар, шир ду баробар ва асал 6,5 баробар афзудааст Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ соҳаи кишоварзии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои назаррас ба даст овардааст. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли 2025 ба 84,7 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 1991 3,7 баробар афзудааст. 🌾 Дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо 6 баробар, картошка 12,5 баробар, сабзавот 10,5 баробар, полизӣ 12,5 баробар, мева 5,4 баробар ва ангур 2,9 баробар зиёд шудааст. 🥩 Дар соҳаи чорводорӣ низ афзоиши назаррас ба қайд гирифта шудааст. Истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда ба 454,3 ҳазор тонна расида, нисбат ба соли 1991 3 баробар зиёд шудааст. Истеҳсоли гӯшти паранда 3,5 баробар, шир 2 баробар, тухм 2,1 баробар ва асал 6,5 баробар афзоиш ёфтааст. 🐄 Саршумори чорвои калон дар соли 2025 ба 2,9 миллион сар, гӯсфанду буз ба 7,5 миллион сар ва паранда ба 13,1 миллион сар расидааст. 🌳 Дар давоми 35 сол дар кишвар беш аз 119 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, масоҳати умумии онҳо ба зиёда аз 208 ҳазор гектар расидааст. 🚜 Ҳамчунин, заминаи техникии соҳа тақвият ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷумҳурӣ беш аз 37 ҳазор адад техникаву мошинолоти кишоварзӣ ворид карда шудааст. 🐝 Дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ пешрафт ба назар мерасад. Соли 2025 истеҳсоли асал ба 3,8 ҳазор тонна расидааст, ки нисбат ба соли 1991 6,5 баробар зиёд мебошад. 🐟 Истеҳсоли моҳии молӣ низ афзоиш ёфта, соли 2025 ба 5,6 ҳазор тонна расидааст. 📊 Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ки имрӯз кишоварзӣ яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди кишвар буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисодӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02040608019 Aug 11:4413 Nov 11:166419 Aug 11:44: 0 views13 Nov 11:16: 64 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
19 Aug 2026, 11:440
13 Nov 2026, 11:1664

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.