‼️ Дар Файзобод мардро ба куштори ҳамсараш гумонбар медонанд Дар ноҳияи Файзобод марди 50-сола бо гумони куштори ҳамсари 49-солааш боздошт шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои вазорат, 18 август миёни сокини деҳаи Меҳробод Зиёбек Раҷабов ва ҳамсараш Ҳавасгул Умарова муноқиша сар задааст. Гуфта мешавад, мард ҳангоми ҷанҷол ҳамсарашро дар ҳаммом латукӯб карда, сипас бо сими алюминӣ гардани ӯро баста, роҳи нафасашро маҳкам кардааст. Зан дар натиҷа ба ҳалокат расидааст. Нисбати гумонбар бар асоси қисми 1-и моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Бар асоси ин модда, ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. МВД ҳамчунин хабар додааст, ки Раҷабов қаблан дар Русия барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ маҳкум шуда буд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 12 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 19 Aug 2026, 10:48 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 80 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.