Дар Рӯшон барои 10 оилаи аз офати табиӣ зарардида хонаҳои нав месозанд Дар деҳаи Баррушони ноҳияи Рӯшон барои 10 оилае, ки бар асари офати табиӣ хонаҳояшон пурра хароб шудааст, манзилҳои нав бунёд мешаванд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар додаанд. Гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, бояд дар мӯҳлати муайяншуда ба анҷом расанд. Ҳамзамон, дар атрофи хонаҳои нав роҳҳо мумфарш, ҳудуд обод ва сабзкорӣ карда мешаванд. Офати табиӣ рӯзи 20 июл рух дода, бар асари гарм шудани ҳаво ва обшавии барфу пиряхҳои баландкӯҳ ярч ба вуҷуд омада, ба манзилҳои сокинон осеб расондааст. Дар маҷмӯъ, бар асари ин офати табиӣ 198 нафар зарар дидаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 12 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 18 Aug 2026, 10:10 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 89 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.