Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 926 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 12 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

📌 Дар Кӯлоб ба оилаи аз офати табиӣ зарардида хонаи нав доданд 17 август Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сафар карда, бо раванди сохтмону ободонӣ шинос шуд ва чанд иншооти иҷтимоию иқтисодиро ба истифода дод. 🏠 Дар шаҳри Кӯлоб ба оилае, ки бар асари офати табиӣ хонааш пурра хароб шуда буд, хонаи нави истиқоматӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва ашёи рӯзгор супорида шуд. Хона бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. 🏫 Ҳамчунин, дар Кӯлоб марҳилаи дуюми сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 оғоз шуда, бинои сеошёна барои 480 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар шаҳр маркази хизматрасонии нақлиётӣ низ ба фаъолият оғоз кард, ки дар он 30 ҷойи кории доимӣ таъсис дода шудааст. 🏢 Қоҳир Расулзода инчунин бо сохтмони Институти такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ ва таъмири варзишгоҳи марказии Кӯлоб шинос шуд. 📚 Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бошад, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти №4 барои 360 хонанда ба истифода дода шуда, дар назди муассисаҳои №22 ва №36 низ биноҳои иловагӣ сохта шудаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510018 Aug 06:1313 Nov 11:168318 Aug 06:13: 0 views13 Nov 11:16: 83 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
18 Aug 2026, 06:130
13 Nov 2026, 11:1683

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.