Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 926 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 13 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

🚬 Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттии сигори ғайриқонунӣ мусодира шуд Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Душанбе 7 ҳазору 160 қуттии сигори тамғаи «ESSE CHANGE»-и истеҳсоли Кореяи Ҷанубиро ошкор ва мусодира кардаанд. Ба иттилои Хадамоти гумрук, ин миқдор сигор рӯзи 24 июл дар назди бозори «Фаровон» аз дохили бордони як мошин пайдо шудааст. Муайян гардидааст, ки маҳсулоти тамоку бидуни назорати гумрукӣ ва пардохти аксиз ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Гуфта мешавад, соҳиби мошин Аҳрориддин Назаров, сокини 34-солаи шаҳри Ҳисор, ба амри кормандони гумрук итоат накарда, мошинашро дар яке аз паскӯчаҳо гузошта, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Дар робита ба ин ҳолат Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Назаров ва дигарон бо гумони фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус бар асоси қисми 1-и моддаи 259 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз кардааст. Бар асоси ин модда, барои чунин қонуншиканӣ ҷарима ё то се соли маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010017 Aug 13:3813 Nov 11:1611117 Aug 13:38: 0 views13 Nov 11:16: 111 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
17 Aug 2026, 13:380
13 Nov 2026, 11:16111

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.