Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 926 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 13 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Як муҳоҷири тоҷик дар сӯхтори Омск ба ҳалокат расид Як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон рӯзи 15 август бар асари сӯхтор дар сохтмони як бинои баландошёна дар шаҳри Омски Русия ҷон бохтааст. Хабаргузории ТАСС бо такя ба Суди вилояти Омск иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи сӯхтор 11 нафар осеб дидаанд. Яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон буда, бо вуҷуди интиқол ба беморхона ҷони худро аз даст додааст. Тибқи маълумот, тақрибан 90 дарсади бадани ӯ сӯхта будааст. Ҳафт нафари дигар дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд ва се захмӣ баъди гирифтани ёрии тиббӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд. Ҳамаи осебдидагон кормандони ширкати пудратчии сохтмонӣ будаанд. Дар миёни маҷруҳон ду шаҳрванди Ӯзбекистон низ ҳастанд. Сӯхтор субҳи 15 август дар сохтмоне воқеъ дар чорроҳаи кӯчаҳои Крупская ва Архитекторови Омск сар задааст. Гуфта мешавад, ҳангоми корҳои кафшергарӣ маводи гарминигоҳдорӣ оташ гирифта, аланга майдони тақрибан 1000 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Мақомоти Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо гумони нақзи талаботи бехатарии меҳнат оғоз кардаанд. Ному насаби шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз нашр нашудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507517 Aug 10:3513 Nov 11:167417 Aug 10:35: 0 views13 Nov 11:16: 74 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
17 Aug 2026, 10:350
13 Nov 2026, 11:1674

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.