‼️ Толибон* ба марги зани тоҷик дар Дарвоз вокуниш нишон доданд Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон* аз кушта шудани як сокини ноҳияи Дарвоз дар пайи тирандозӣ аз самти Афғонистон изҳори таассуфи амиқ кардааст. Ҷасмина Шириншоҳ (Ятимзода), сокини 21-солаи деҳаи Даштаки ҷамоати Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз, рӯзи 13 август дар дохили ҳавлиаш аз тири силоҳбадастон аз самти Афғонистон ба ҳалокат расид. Ба иттилои Радиои Озодӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон Абдуқаҳҳори Балхӣ гуфтааст, ки ин ҳодиса кори гурӯҳҳои «вайронкор ва фурсатталаб» будааст. Ба гуфтаи ӯ, бархе гурӯҳҳо ахиран талош доранд дар баъзе минтақаҳои вилояти Бадахшони Афғонистон бесуботӣ эҷод кунанд, то ба амнияти минтақа ва муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон таъсири манфӣ расонанд. Балхӣ ба хонаводаи Ҷасмина Шириншоҳ ва мардуми Тоҷикистон изҳори таслият карда, гуфтааст, ки ҳукумати Толибон* ба ҳифзи амнияту субот, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳо пойбанд аст. Сухангӯи вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки ба касе иҷоза дода нахоҳад шуд, ки аз қаламрави Афғонистон барои эҷоди бесуботӣ ва халалдор кардани амнияти кишварҳои ҳамсоя истифода кунад. *Толибон дар Тоҷикистон ҳамчун гурӯҳи террористӣ шинохта шудаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 13 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 17 Aug 2026, 06:39 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 86 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.