Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дода, фармону қарорҳои дахлдорро имзо кард. Тағйиротҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, энергетика, иқтисод ва молия, адлия, маориф, меъморӣ, сайёҳӣ, мелиоратсия, суғурта ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ дахл карданд. 🔵Шарифзода Мӯъмин Машокир бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифаи муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ назди Президент озод карда шуд; ба ин вазифа Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад таъин гардид. 🔵Маъмурзода Адҳам Маъмур бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифаи мушовири калони Дастгоҳи ёвари Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шуд. 🔵Одиназода Муҳаммад Раҷаб муовини директори Агентии назорати давлатии энергетика назди Президент таъин гардид. 🔵Восидиён Фарҳод Саъдулло бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод карда шуд. 🔵Қудратзода Суҳроб Ҳадя муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид. 🔵Исмоилзода Мирзо муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид. 🔵Асадуллозода Абубакр Асадулло муовини вазири молия таъин гардид. 🔵Сайдахмадзода Мӯсо Абдулфаттоҳ директори Фонди кафолати қарз таъин гардид. 🔵Ҳакимиён Сарвинаи Фармондухт муовини вазири адлия таъин гардид. 🔵Латифзода Парвиз Раҳмон муовини вазири маориф ва илм таъин гардид. 🔵Исмоилзода Умед Абдулхошим муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумат таъин гардид. 🔵Зиёвуддинзода Ахлиддин Зиёвуддин муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъин гардид. 🔵Назарзода Рустам Саидмурод муовини раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъин гардид. 🔵Мӯродзода Давлатмурод Холмурод муовини директори Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумат таъин гардид. 🔵Ризозода Саймудин Бобоалӣ муовини якуми директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» таъин гардид. 🔵Юсуфзода Абдумаҷид Юсуф муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ назди Ҳукумат таъин гардид. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!