Шатранҷбози тоҷик, Устоди байналмилалӣ ва Қаҳрамони ҳашткаратаи Тоҷикистон Ҷамшед Исоев дар Чемпионати шоҳмоти Осиё байни собиқадорони шоҳмот дар шаҳри Ош ду медал ба даст овард. Дар категорияи синни 50+, ӯ дар шоҳмоти босуръат медали нуқра ва дар шоҳмоти классикӣ медали биринҷӣ гирифт. Дар мусобиқа 74 шоҳмотбоз аз 11 кишвари Осиё, аз ҷумла гроссмейстерҳои унвондор ва устодони байналмилалӣ, ширкат варзиданд. Медалҳо дар шоҳмоти классикӣ, босуръат ва блиц супорида шуданд. #спорт 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!