Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар байни наврасони то 17-сола дар бозии якуми дӯстона бар ҳамсолони худ аз Қатар пирӯз шуд. Ягона голро Асадбек Маҳтумов ба самар расонд. Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Қатар рӯзи 27-уми октябр дар Доҳа баргузор мешавад. Ин бозиҳо дар доираи омодагии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2026 сурат мегиранд. #спорт 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!