Русия беш аз 2500 китоб ва васоити таълимӣ бо забони русиро ба мактабҳои кӯдакони боистеъдоди Тоҷикистон тӯҳфа кард. Тӯҳфаҳо ба Мактаби Президентӣ барои хонандагони боистеъдод дар Ҳисор ва Литсейи №1 ба номи Ниёз Сафаров дар Душанбе дастрас шуданд. Китобҳо ба коллексияҳои китобхонаи мактаби мазкур илова карда мешаванд. Ин ташаббус барои дастгирии омӯзиши забони русӣ ва бедор кардани шавқи хонандагон ба хониш равона шудааст. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!