TjRusNews | Хабарҳои фаврӣ

@tjrusnews · news · Kazakh · active

Subscribers 11.7K Subscribers, last 30 days: 11.7K → 11.7K +0 24h
Reach per post (ERR) 6.4%747 avg views
Posting 3.5/day last 8 days ago
Reactions per 1K views 83.6 ❤ 🔥 👍

Дар Тоҷикистон ду қонуни нав ва муҳим қабул шуд: сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ гардид ва қонуни муҳоҷират баъди 25 сол аз нав қабул гардид. Раисҷумҳур зери ин қонунҳо баъди қабул шуданашон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ имзо гузошт. Тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку: Истеҳсол ва фурӯшу воридоти сигорҳои электронӣ ва дигар маҳсулоти никотиндор манъ мешавад; Ин мамнуият носро дар бар намегирад; Шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон метавонанд барои истифодаи шахсӣ бо худ сигаретҳои электронӣ ва дигар дастгоҳҳои электрониеро, ки таҳвили никотин дошта бошанд, бо худ биёранд. Дар қонун “Дар бораи муҳоҷират” гуфта мешавад, ки тибқи он бояд ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ва аъзои оилаашон бештар ҳифз, фаъолияти ширкатҳои хусусии шуғлёбӣ дар хориҷи кишвар танзим ва равандҳои муҳоҷират рақамӣ шаванд. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!

Views over time

05001K22 Oct 09:1912 Nov 19:4996022 Oct 09:19: 0 views12 Nov 19:49: 960 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
22 Oct 2026, 09:190
12 Nov 2026, 19:49960

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.