Корфармо дар Русия бояд мустақилона пардохти патенти меҳнатии коргари хориҷиро назорат кунад — дар сурати напардохтан, патент ба таври худкор беэътибор мешавад, аз ВКД (МВД) огоҳинома намеояд ва соҳибкор ҷарима мешавад. Корфармо бояд чӣ кор кунад: 🔵ҳар моҳ аз коргар чекҳои пардохти патентро талаб кунад 🔵санаи охирин пардохтро бо санаи ҷорӣ муқоиса кунад 🔵агар муҳлати пардохт гузашта бошад, ӯро ба кор роҳ надиҳад Муҳоҷир бояд чӣ кор кунад: 🔵пардохти пешакиро сари вақт анҷом диҳад 🔵пас аз пардохт, чекҳоро фавран ба корфармо нишон диҳад 🔵дар хотир дошта бошад: агар патент беэътибор шавад, ҳам шумо ва ҳам корфармои шумо зарар мебинед Барои ба кор роҳ додани муҳоҷир бидуни патенти амалкунанда, корфармо метавонад то 800 ҳазор рубл ҷарима шавад. #эксперты 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!