Шохрух Назаров аввалин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона ба даст овард. Ин парадзюдочии 33-сола дар V Бозиҳои параосиёӣ сазовори ҷойи дуюм гардид. V Бозиҳои параосиёӣ аз 18 то 24 октябр дар префектураи Айти ва шаҳри Нагояи Ҷопон баргузор мешаванд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10 варзишгар шомиланд. Онҳо кишварро дар шаш намуди варзиш намояндагӣ мекунанд. #спорт 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!