Хатмкардагони филиалҳои хориҷии донишгоҳҳои Русия акнун метавонанд тибқи барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ба Федератсияи Русия кӯч банданд — қарори дахлдори Ҳукумат аз имрӯз эътибор пайдо кард. Тибқи ин санад, донистани забони русиро метавон, аз ҷумла бо ҳуҷҷати таҳсил бо забони русӣ тасдиқ кард: 🔵дар Русия пас аз 1 сентябри соли 1991; 🔵дар хориҷ аз Русия — дар филиали ташкилоти таълимии Русия; 🔵дар донишгоҳ ё ташкилоти таълимие, ки таҳти идораи муштараки Русия ва давлати хориҷӣ қарор дорад, агар таҳсил бо забони русӣ сурат гирифта бошад. Ба кӣ тасдиқ кардани забони русӣ лозим нест: 🔣шаҳрвандони Русия; 🔣онҳое, ки қаблан шаҳрванди Русия буданд; 🔣шаҳрвандон ё собиқ шаҳрвандони Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Украина. #эксперты 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!