Дастаи "Регар-ТадАЗ" дар бозӣ бо "Гоа"-и Ҳиндустон пирӯз шуд. Бозӣ дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (КФО-2026/27) дар Қувайт баргузор шуда, бо натиҷаи 2:1 ба фоидаи "Регар-ТадАЗ" анҷом ёфт. Фаридун Давлатов, футболбози "Регар-ТадАЗ" дар дақиқаҳои 85 ва 90-ум ду гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин кард. #спорт 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!