Писари навзодро, ки аз таваллудхонаи №1-и Душанбе нопадид шуда буд, ҳамроҳи модараш ба хона ҷавоб доданд. Кӯдак ҳолати худро хуб ҳис мекунад ва ҳоло бо модару падараш аст. Кӯдак шаби баъди таваллуд аз таваллудхона нопадид шуд, кормандони милитсия ӯро ҷустуҷӯ мекарданд. Дар ВКД хабар доданд, ки кӯдак зинда ва солим ёфт шуда, ба модараш супорида шуд. То ҳол расман иттилоъ дода нашудааст, ки ӯ дар куҷо қарор дошт ва кӣ вайро аз таваллудхона гирифтааст. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!