Дар Тоҷикистон барои иштирок дар филми нави бадеии «Теғи Сино», ки ба рӯзгор, андеша ва фаъолияти донишманди бузург Абуалӣ ибни Сино бахшида мешавад, довталабон даъват карда мешаванд. Дар ин лоиҳа на танҳо ҳунарпешагон, балки шахсоне, ки мехоҳанд дар ҳайати гурӯҳи наворбардорӣ фаъолият кунанд, низ метавонанд иштирок намоянд. Синну сол, вазъи иҷтимоӣ ва ҳолати саломатӣ барои пешниҳоди дархост монеа нестанд. Барои иштирок довталабон бояд як акси равшани худро бе филтр ва аз рӯ ба рӯ ҳатман пешниҳод кунанд. Ҳамчунин метавонанд видеои муаррифии худ то 3 дақиқа, тарҷумаи ҳол (CV) ва дар сурати имкон акси шахси ба худ монандро ирсол намоянд. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!