TjRusNews | Хабарҳои фаврӣ

@tjrusnews · news · Kazakh · active

Subscribers 11.5K Subscribers, last 30 days: 11.7K → 11.5K +0 24h
Reach per post (ERR) 6.0%690 avg views
Posting 2.7/day last 11 days ago
Reactions per 1K views 74.9 👏 ❤ 🥰

Шабнами Сурайё, овозхони попи тоҷик 45-солагиашро таҷлил мекунад — 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯро аз машҳуртарин овозхони тоҷик медонанд, ки дар Эрону Афғонистон низ дӯстдорони бисёре дорад. Вай сурудҳои Сурайё Қосимова, Фарҳоди Дарё, Лайло Фуруҳар ва Аҳмад Зоҳирро низ бозхонӣ кардааст. Шабнам соли 2004 бо суруди "Ман садқаи ту"дар саҳнаи мусиқии Тоҷикистон зуҳур кард, аммо замоне номдор шуд, ки яке аз сурудҳояш «Аз қудуми сафар» дар соли 2006 беҳтарин суруди Тоҷикистон шинохта шуд. Дар солҳои 2008—2009 бо ибтикори ширкатҳои хориҷӣ панҷ консерт дар Аврупо, Канада ва 10 консерт дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор кардааст. Дар соли 2014 сазовори ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи кишварҳои форсизабон, дар озмуни мусиқии «Big Apple Award», дар шаҳри Ню Йорк гардид. Соли 2007 Созмони Миллали Муттаҳид Шабнами Сурайёро Сафири ихтиёрии СММ аз ҷониби Тоҷикистон таъйин намуд, то ки барои рушди барномаи СММ доир ба мубориза зидди бемории норасоии масъунияти бадан БНМБ мусоидат намояд. #культура 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!

Views over time

05001K14 Oct 10:0112 Nov 19:4994214 Oct 10:01: 0 views12 Nov 19:49: 942 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
14 Oct 2026, 10:010
12 Nov 2026, 19:49942

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.