Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ба дидорбинии Васлида рафт -- ӯ ба хонаводаи духтарак гуфт, ки вазорат дар рушди ҳунару истеъдоди вай мусоидат хоҳад кард. Феълан Васлида ба таълими инфиродӣ фаро гирифта шудааст. Ӯ пас аз нашри наворҳои иҷрои таронаи "Баригул" дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯҳрат пайдо кард. Пештар ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон ва муаллифи таронаи "Баригул" Насиба Абдуллаева низ ба дидорбиниаш рафта буд. Сипас дар Душанбе вохӯрии духтараки ҳунарманд бо овозхони мумтоз Далер Назаров баргузор шуд. Васлида 9 сол дорад ва сокини шаҳри Гулистон аст. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!