Қоидаҳои нав барои хориҷиён ва корфармоён дар Русия аз сентябр мавриди амал қарор гирифтанд — мегӯем, ки кадомҳо. Тирамоҳ якбора якчанд тағйироти муҳимро барои хориҷиён ва корфармоён овард. Муҳимтарин: 1️⃣«Амина» дар Маскав ва вилояти Маскав васеъ карда шуд. Аз 1 сентябр барнома на танҳо барои коркунандагон, балки барои ҳамаи хориҷиёне, ки дар минтақа зиёда аз 90 рӯз қарор доранд, ҳатмист — ҳатто бидуни мақсади шуғл. 2️⃣Муоинаи тиббӣ — қатъан 30 рӯз. Мӯҳлати ягона барои ҳама: дар давоми 30 рӯз аз рӯзи воридшавӣ гузаронидан лозим аст, баъд ҳар сол такрор карда шавад. Хулосаҳо акнун электронӣ мебошанд — клиникаҳо худашон онҳоро ба ВКД мефиристанд. 3️⃣Шаклҳои нави огоҳинома дар бораи кор. Корфармоён вазифадоранд бланкаҳои навшударо бо зикри мӯҳлати шартнома ва розигӣ ба коркарди маълумот истифода баранд. 4️⃣Муоинаи тиббии тоҷикистониён пеш аз воридшавӣ. Шаҳрвандони Тоҷикистон акнун метавонанд муоинаро дар ватан — дар намояндагии маркази тиббии Русия дар Душанбе гузаранд. 5️⃣Квотаҳо барои коркунони визавӣ нав карда шуданд. Феҳристи касбҳо ва тақсимоти квотаҳо аз рӯи минтақаҳо тағйир ёфтанд. 🔣Дар баррасӣ: лоиҳаи қонун дар бораи манъи воридшавӣ ба аъзоёни оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ (ба ҷуз оилаҳои ВКС). Ҳоло қабул нашудааст. Таҳлили пурраи ҳамаи тағйирот — дар Migrantguide.ru. #эксперты 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!
TjRusNews | Хабарҳои фаврӣ
Subscribers
11.2K
−100 24h · −500 7d
Reach per post (ERR)
4.7%527 avg views
Posting
1.6/day
last 15 days ago
Reactions per 1K views
101.7
👏 🥰 ❤
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 10 Oct 2026, 15:31 | 0 |
| 12 Nov 2026, 19:49 | 2.5K |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.