Сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Юсуфов Абубакр дастгир карда шуд — кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ ӯро ба авбошӣ гумонбар мекунанд. «Санаи 7-уми октябри соли ҷорӣ, дар назди нуқтаи тезтайёри “Нонкабоб”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, бо шаҳрванд Собиров Абдуҷабор, соли таваллудаш 1989, муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ғайр аз ин, бо истифода аз корд як маротиба ба шиками Собиров А. зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст», — хабар медиҳад Идораи ВКД дар шаҳри Душанбе. Вобаста ба ҳодисаи мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтиши пешакӣ гузаронида мешавад. Дар бораи бистарӣ шудани ҷабрдида хабар дода намешавад. #новости #происшествия 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!