Роҳбари Театри мусиқии шаҳри Бохтарро яке аз ҳунармандонаш дар ҷанҷолу латукӯб муттаҳам мекунад — Отахон Саидзодаро ба беэътиноӣ ва маҳдудяитҳо дар театр гунаҳкор мекунанд. Фирдавсии Турдиалӣ, ҳунарманди ин театр, навореро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, иддао кардааст, ки ӯро мудир латукӯб кард. Дар навор дида мешавад, ки зоҳиран миёни мудир ва дигарон баҳс меравад ва Отахон ба назди шахси наворгиранда мешитобад. Дар ҳамин ҳол, авози навор қатъ карда шудаву маълум нест, ки гуфтушуниди ҷонибҳо дар бораи чӣ меравад. Зери навор Фирдавсӣ шарҳ навишта, номи чанде аз ҳайати театрро низ зикр карда, гуфтааст, «Мо аз роҳбарии Отахон Саидзода қонеъ нестем ва аз Вазорати фарҳанг хоҳиш мекунем, ки аз вазъият бохабар бошанд». Вай афзудааст, ки чанде аз коргарони театр аллакай тарки соҳа кардаву боқимондаҳо низ корпартоӣ карданианд. Дар ҳамин ҳол, мақомот ё вазорат то ҳол қазияро шарҳ надодаанд, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Отахон Саидзода ва кори ӯ тавсиф намуда, Фирдавсиро ба «баровардани гапи хона ба кӯча» ва куштани овози навор гунаҳкор мекунанд. Ба қавли онҳо, муаллифи навор бардурӯғ асли воқеаро пинҳон медорад. #новости #происшествия #культура 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!